БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҲАЛИ ХУДРО ОБОД МЕКУНЕМ!

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ баҳри амалишавии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилотҳои ибтидоии «Гулрез» ва «Гулафшон»-и Ҷамоати деҳоти   Ҷиликул корҳои амалӣ гузарониданд ва дар он аъзои ташкилоти ибтидоӣ фаъолона иштирок ва саҳмгузорӣ карданд.

Дар Аксияи ҳизбӣ бо дастгирии сокинон ва шахсони саховатманд  роҳҳои ҳудуди деҳаҳо ба масофаи 2,5 км тахту ҳамвор  карда  шуда, кӯчаҳо чароғон карда шуданд.

Инчунин, дар ин раванд баҳри таъмини пурраи аҳолӣ бо барқ  дастгоҳи барқтақсимкунанда  васл шуд, ки аз ин иқдоми нек сокинон руҳбаланд гардида, шукргузории хешро аз сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баён доштанд.

Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбӣ оид ба равандҳои дохилию берунии сиёсӣ суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg