БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ИФТИХОРИ ТОҶИКОНУ ТОҶИКИСТОНИЁН АСТ!

БОХТАР.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Амонатбонки вилоят”  бо иштироки роҳбарияти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ  баргузор шуд.

Дар рӯзномаи маҷлис масъалаҳои ҳисоботи 2,5 солаи раиси ташкилот, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва пешбарии вакил ба Конференсияи 21- уми шаҳрӣ муҳокима гардиданд.

Баъдан вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис, иброз гардид, ки 16-ноябр дар кишвар ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.   Ин рӯз барои мардуми тоҷик  ва тоҷикистониён рӯзи таърихист. Зеро Президенти мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳастии худро барои ободонии Тоҷикистон ва осоиштагии тоҷикон бахшида аст. Имрӯз тамоми дастовардҳои Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, дӯстиву якдигарфаҳмии халқҳои Тоҷикистон,  роҳҳои обод ва ғайра бо  ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст  омадаанд. 

Аъзои ташкилоти ибтидоӣ зикр карданд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар асл ифтихори мардуми тоҷик аст ва мо аъзои ҳизб барои иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ ҳамеша омода ҳастем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg