БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ АСОСИИ ҲХДТ - ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хати роҳ” хониши сиёсӣ ва маҷлиси ҳисоботӣ -интихоботӣ доир гардид, ки дар он намояндагони ҳизб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, раиси ташкилоти ибтидоии “Хати роҳ” маҷлисро оғоз намуда, қайд кард, ки робитаи қавии  ташкилоти ибтидоӣ бо ҳизб аз давраи таъсисёбии ташкилоти ибтидоӣ то инҷониб вуҷуд дошта, дар ҳама чорабиниҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок менамоем. Моро зарур аст, ки аъзои ҲХДТ-ро аз ҳисоби ҷавонону занони фаъол зиёд намуда, барои пешравии давлат саҳми босазо гузорем.

Масъулини ҳизб иброз доштанд, ки ҲХДТ қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, инчунин суботи сиёсӣ дар фазои Тоҷикистон ва расидан ба зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистони азиз ҳамеша талош хоҳад кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg