БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСРОФ ЧИ ЛОЗИМ ЭҲТИЁҶМАНДОНРО КУМАК МЕКУНЕМ!

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ҳомиён»-и ноҳияи  Фархор мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии  ҲХДТ бо аъзои ташкилот баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин  оид ба моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад карда, қайд доштанд, ки дар маркази ҳадафу мақсадҳои ин қонун ҳифзи фарҳангу маънавиёти ҷомеа қарор дорад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, яке аз сабабҳои қабули қонуни мазкур аз он иборат буд, ки бо пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусиятҳои ифротӣ ва вусъат гирифтани тарғиботи зарарнок дар кишвар, зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, ба хусус расму оинҳои миллӣ ва ҳатто тарзи либоспӯшии мардуми мо, аз ҷумла занон то рафт қувват гирифта, таассубу зиёдаравӣ ҳангоми баргузории як қатор маросиму маъракаҳо ба ҳукми анъана даромада буд.

Масъулин  аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро даъват карданд, ки  вобаста ба имконият оилаҳои наёзманд ва ятимону бепарасторонро дасгирӣ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg