БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОШАРАФОНА ХИЗМАТ КАРДАН ШИОРИ МОСТ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ  дар ташкилотҳои ибтидоии “Гулдастон”,  “Маҳаллаи  №8” ва  “Оби  Шифо”-и Ҷамоати  шаҳраки Совети ноҳияи Темурмалик   бо иштироки намояндагони ҳизбӣ  баргузор гардид.

Зимни баргузории маҷлисҳо ҳисоботи раисони ташкилотҳои ибтидоӣ дар тӯли 2,5 соли охир шунида, бо дастгирии аъзо раисони ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб гаштанд ва ба номзадии вакилӣ шахсони арзанда, ки дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ саҳми муносиб доранд, ба конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ шуданд.

Зимнан, масъулин  дар бораи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҲХДТ, омодагии ҳамаҷониба ба маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб сухан гуфта, иштирокчиёнро даъват карданд, ки ҳамеша содиқона ба халқу Ватан хизмат кунанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg