ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Маркази тропикӣ»-и ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир гардид.
Дар вохӯрӣ масъулини Кумитаи ичроияи ноҳиявии ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла пешгирии бемориҳои сироятӣ, адо намудани қарзи фарзандии ҷавонон - хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба пешвозгирии ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, маъракаи сиёсии дарпешистодаи интихоботи соли 2020 суҳбат карда, ҳамагонро ба ватандӯстӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ даъват карданд.