БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОРО МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ БА МУВАФФАҚИЯТ МЕБАРАД!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар  ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии “Наврӯз”-и ноҳияи Носири Хусрав  дар мавзӯи терроризми  байналхалқӣ ва экстремизми динӣ, ки зуҳуроти  ба  амнияти   тамоми  сайёра таҳдикунанда мебошанд, хониши сиёсӣ гузаронида шуд.  Дар баррасии ин мавзӯъ аз ҳодисаи шаби 6-уми ноябр, ки як гурӯҳи ҷиноятпеша сарҳадро убур карда дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ задухӯрди мусаллаҳона анҷом доданд, ёдовар шуданд.  Хушбахтона ин  гурӯҳи  терористиро  тирашон  хок хӯрд. Онҳо    аз  ҷониби  сарҳадбонон  ва  қушунҳои  сарҳадӣ  безарар  гардонида  шуда, 5  нафари  онҳо  дастгир   шуданд, иброз доштанд баромадкунандагон.

Маъсулони чорабинӣ иштирокдоронро  даъват карданд, ки дар  тарбияи  дурусти  фарзандон, ба  илму  донишомӯзӣ фаро  гирифтани  насли  ояндасози   миллат ва  ба  роҳи  дуруст  ҳидоят  намудани  онҳо бепарво набошанд.

Дар доираи Аксияи  ҳизбии  “Якҷоя ҳал  мекунем!”  аъзои   ташкилоти  ибтидоии     “Наврӯз” ба  оилаи  эҳтёҷманд  аз  деҳаи  Сангоба,   ки  дар он  3  узви оила  дорои имконияти маҳдуд мебошанд,  як  аробачаи  маъюбӣ  кумак карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg