ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Наврӯз» бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси ҳизбӣ раисони ташкилотҳои ибтидоии маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти Меҳвар иштирок намуданд.
Раиси ташкилоти ибтидоӣ вобаста ба давраи ҳисоботӣ баромад карда, дар идома аъзо раиси ташкилотро аз нав интихоб карданд. Ҳамчунин, дар раванди маҷлис аъзои ташкилоти ибтидоӣ вакилонро барои иштирок дар Конференсияи 14-уми ҳизбии ноҳия пешбарӣ карданд.
Зимнан дар ҷараёни вохӯрӣ масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳия оид ба ҳодисаи 6 ноябри соли ҷорӣ, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ аз тарафи як гурӯҳи террористӣ ба амал оварда шуд, ибрози назар карда, қайд доштанд, ки ҳифзи марзу буми Ватан на танҳо вазифаи мақомоти қудратӣ, балки тамоми мардуми кишвар мебошад. Ҳифзи марзу буми Ватан, ин нигоҳ доштани сулҳу осоиштагӣ, истиқлолият ва зиндагии оромонаи тамоми мардум аст.