ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар асоси нақшаи кории ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и шаҳри Левакант дар муассисаи таълимии №14 вохӯрӣ доир гардид, ки ба он собиқадорони Шӯрои ҷангу меҳнати шаҳр даъват шуда буданд.
Ба гуфти масъулини ҳизбӣ баргузории чунин вохӯриву суҳбатҳо дар арафаи ҷашнҳои муҳими таърихӣ-Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили 27-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ дар якчанд муассисаҳои таълимии шаҳр ба нақша гирифта шуда, мо кӯшиш менамоем, ки ба онҳо шахсони обрӯманди ҷомеа ва собиқадорони ҳизб ва соҳаҳои мухталифи шаҳрро ҷалб намоем ва бо ин роҳ дар тарбияи ватандӯстиву маънавии ҷавонону наврасон саҳмгузор бошем.
Инчунин, дар идома қайд гардид, ки имрӯзҳо ояндаи босаодат ва пойдории ҳар давлату миллат аз эҳсоси ватандӯстиву меҳанпарастии фарзандони он сарчашма мегирад. Аз ин рӯ насли навраси имрӯзаро лозим аст, бо хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ, дониши баланди забонҳои хориҷӣ, илмҳои муосир ба муқобили ҳамагуна қувваҳои тундрав истодагарӣ намуда, нигаҳдорандаи якпорчагии давлат ва мустаҳкамии ҷомеаи Тоҷикистон бошанд.