ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ин навбат дар ташкилоти ибтидоии “Деҳаи Дурахшон-1”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ ва маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи мазкур иштирок намуда, оид ба дастовардҳои муҳими замони соҳибистиқлолии мамлакат, пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар раванди татбиқи ҳадафҳои миллии стратегӣ ва мароми олии давлат, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу равияҳои тундгаро, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва худкӯшиву худсӯзӣ, дастаҷамъона бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар маҳал, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, амалишавии ҳадафҳои мантиқии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихобот-чорабинии муҳими сиёсӣ, омодагӣ ба зимистони дар пешистода суханронӣ карданд.
Ҳамзамон дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ, интихоби раиси ташкилот ва пешбарии вакилон ба конференсияи ноҳиявӣ баррасӣ шуданд.