
ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ҳилол»-и ноҳияи Ҷайҳун хониши сиёсӣ баргузор гардид. Зимни баромади худ масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, қайд карданд, ки Конститутсия, ки метавон онро шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат номид, бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии мамлакатро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд. Дар ин санади сарнавиштсоз бори нахуст ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, судӣ ва иҷроия таҷзия гардида, эътибори олӣ доштани меъёрҳои Конститутсия ва амали мустақими онҳо кафолат дода шуд.
Дар идомаи масъала интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва пешбарии вакил ба Конференсияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун баррасӣ шуд.