БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО АМАЛИ СОЗАНДА ВАТАНДӮСТ БУНДАНРО СОБИТ МЕСОЗЕМ!

Н.ХУСРАВ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ.  Дар ташкилоти  ибтидоии  деҳаи  “Бобоқул  Хидиров”-и  Ҷамоати  деҳоти  Истиқлоли  ноҳияи  Носири  Хусрав  оид  ба  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҳизб хониши  сиёсӣ  баргузор  гардид. 

Дар  баргузории мулоқот  масъулин  оид  ба  самтҳои  фаъолияти  ҳизб, аз ҷумла баланд  бардоштани  ҳисси  ватандӯстӣ, тарбияи ҷавонон дар  рӯҳияи  хештаншиносӣ, баланд  бардоштани  сатҳи  маърифати ҳуқуқии онҳо,  иштирок дар  маъракаи  муҳими сиёсӣ-интихоботи  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии  вакилони халқ сухан гуфта, таъкид карданд, ки  иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҳизбӣ, алалхусус дар маъракаи муҳими сиёсӣ  ҳатмӣ буда, моро месазад бо амалҳои созандаву бунёдкорона ватандӯст будани худро собит намоем.

Дар  рафти  амалисозии  Аксияи  ҳизбии “Якҷоя  ҳал мекунем!”  дастаҷаъмона заҳбури назди  деҳаро тоза карданд, ки  солҳои зиёд тоза нашуда буд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg