
ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Идораи давлатии назорати ҳолати санитарию эпидемиологӣ”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ва хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ баргузор гардид.
Раиси ташкилоти ибтидоӣ вобаста ба давраи ҳисоботӣ баромад карда, аъзо
якдилона раиси ташкилотро аз нав интихоб ва ба конференсияи ноҳиявӣ вакилро пешбарӣ намуданд.
Сипас, масъулин оид ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷамъомадагон суҳбат намуда, зикр карданд, ки соли ҷорӣ бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат ё муҳлати истифодааш гузашта ба қонунгузорӣ тағйирот ворид карда шуд. Дар идома самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баррасӣ гашта, масъулон ба суолҳои ҷамъомадагон ҷавобҳои мушаххасу саҳеҳ гардониданд.