БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ!

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Гулшан» мулоқот доир намуданд.

Роҳбарияти Кумитаи иҷроия зимни суханронӣ оид ба хатари терроризму экстремизм ҳарф зада, зикр намуданд, ки экстремизму терроризм дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда, террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд.  

Қайд доштанд, ки мутаассифона,  терроризму экстремизм дар замони мо хусусияти ҷаҳонӣ касб карда, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо усулҳои ғайриинсонӣ ба амал оварда, кишварҳои ободу пешрафтаро ба харобазор табдил диҳанд.

Ҳамзамон ҳодисаи даҳшатноке, ки дар дидбонгоҳи №4-и Ишқободи отряди сарҳадии Қисми ҳарбии Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ субҳи 06.11.2019  рух дода буд мову шуморо бори дигар водор месозад, ки зиракии сиёсӣро аз даст надода, бар зиди чунин гурӯҳои бадхоҳ муборизаи беамон барем,- иброз доштанд масъулони  кумитаи иҷроия.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg