БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОДИҚОНА БА ХАЛҚУ ВАТАН ХИЗМАТ КАРДАН ШИОРИ МОСТ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ  дар ташкилотҳои ибтидоии “Булакдаш” ,  “Бурдангал”-и Ҷамоати  деҳоти ба номи Сайф Раҳимов    ва  “Шибанай”-и Ҷамоати  деҳоти Бобоюнуси  ноҳияи Темурмалик  бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  баргузор гардид.

Дар оғоз ҳисоботи раисони ташкилоти ибтидоӣ дар тӯли 2,5 соли охир шунида, раисони ташкилот аз нав интихоб ва  ба номзадии вакилӣ шахсони арзанда, ки дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ саҳми муносиб доранд, ба конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ гардиданд.

Дар навбати худ масъулин дар бораи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҲХДТ, омодагии ҳамаҷониба ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб сухан гуфта, иштирокчиёнро даъват карданд, ки ҳамеша содиқона ба халқу Ватан хизмат кунанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg