БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИНИ ҶОМЕА БО ИТТИЛОИ ДУРУСТУ САҲЕҲ ВАЗИФАИ МОСТ!

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Раёсати телевизион ва радио» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ  доир карда шуд. Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар 2,5 соли охир шунида, масъалаҳои интихоби раис ва пешниҳоди вакил ба Конференсияи 21-уми шаҳрӣ муҳокима гардиданд.

   Роҳбарияти Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Бохтар баён доштанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи воситаҳои ахбори омма, махсусан, воситаҳои электронӣ диққати махсус медиҳанд. Зеро ВАО яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда,  ҳар як давлат сиёсати худро тавассути ВАО ба мардум мерасонад. Раиси муаззами ҲХДТ дар яке аз баромадҳои худ, таъкид намуда буданд, ки “Вазифа ва ҳадафҳои  журналистикаи касбӣ, матбуоти миллӣ, аз ҷумла ҳафтаномаи “Минбари халқ” бояд ҳифзи фазои иттилоотии кишвар, аз ҳама гуна таҳдидҳои беруна, хабарҳои иғвобарангез ва таъмини ҷомеа бо иттилооти дурусту саҳеҳ бошад, ки ҳадафҳои олии ҲҲДТ низ ҳифзи арзишҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, инчунин, мусоидат ба рушди иқтисодиёт, илм, технология ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим мебошад”.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg