БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗИ МАРЗУ БУМ – ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА СУЛҲУ ОСОИШТАГИСТ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Меҳвар» бо иштироки намояндагони ҳизбӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи ҳизбӣ раисони ташкилотҳои ибтидоии маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти Меҳвар иштирок карданд.

Нахуст,  ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида  шуда. Ҳамчунин, дар раванди маҷлис аъзои ҳизб вакилонро барои иштирок дар Конференсияи 14-уми ҳизби ноҳия пешбарӣ карданд.  

Сипас, намояндагони ҳизбӣ оид ба ҳодисаи нангини шаби 6 ноябри соли ҷорӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон аз тарафи як гурӯҳи душманон, ки  онҳоро инсон ҳам номидан нашояд, ба амал оварда шуд, ибрози андеша карда, қайд намуданд, ки ҳифзи марзу буми Ватан на танҳо вазифаи мақомотҳои қудратӣ, балки тамоми  мардуми кишвар мебошад. Ҳифзи марзу буми Ватан, ин нигоҳ доштани сулҳу осоиштагӣ, истиқлолият ва зиндагии  оромонаи тамоми мардум аст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg