БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАРЗИШ СОЛИМИСТ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар мактаби варзишии ҷавонону наврасони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Мактаби варзишӣ” баргузор гардид.

Раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба  фаъолияти дуюнимсолаи худ ҳисобот дода, қайд кард, ки варзиш барои солимии руҳу ҷисми инсон муҳим  мебошад. Иштирокдорони маҷлис якдилона раиси ташкилоти ибтидоиро интихоб карда, ба Конференсияи ноҳиявӣ аз ташкилоти ибтидоӣ 2 нафар фаъолони ҳизб вакил интихоб гардиданд.

Намояндагони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ   иброз доштанд, ки мо бояд барои тарбияи дурусти ҷавонону наврасон ҳамаи чораҳои зарӯриро андешида, нагузорем, ки ҷавонони мо ба беҳудагардию бекорӣ рӯ оваранду аз тарбияи дуруст дур монанд. Барои рушди варзиш Ҳукумати кишвар  пайваста чора меандешад. Чуноне ки дар Паёми худ Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекунад.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg