БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ХАЛҚУ ВАТАН ХИЗМАТ КАРДАН ШАРАФИ БУЗУРГ АСТ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Маҷлисҳои ҳисоботӣ - интихоботӣ  дар ташкилотҳои ибтидоии “Темурмалик”,  “Фонди  нафақа”  ва  “Шуғли  аҳолӣ”-и ноҳияи Темурмалик  бо иштироки намояндагони ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис ҳисоботи раисони ташкилотҳои ибтидоӣ дар тӯли 2,5 соли охир шунида  шуд.

Дар идома раисони ташкилот аз нав интихоб шуда, ба номзадии вакилӣ шахсони арзанда, ки дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ саҳми муносиб доранд, ба Конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ гардиданд.

Ҳамзамон, масъулини дар бораи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҲХДТ, омодагии ҳамаҷониба ба маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб сухан гуфта, иштирокчиёнро даъват карданд, ки ҳамеша содиқона ба халқу Ватан хизмат кунанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg