НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияии ҲДДТ дар шаҳри Норак ва аъзои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и деҳаи Навдеи шаҳр вобаста ба мавзӯъҳои “Ҷавонон, интихобот ва манфиатҳои миллӣ”, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор карданд.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба масъалаҳои зикргардида баромад намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз онҳо, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва воқеаҳое, ки рӯзи 6 ноябри соли равон дар ноҳияи Рӯдакӣ аз тарафи гурӯҳи террористӣ ба вуқӯъ пайваст ва инчунин ҷавонмардии сарбозону афсарони шуҷои Ватани азизамон, ки ҳимояи марзи кишвар аз ҷавонони бонангу номус вобастагӣ дорад, сухан гуфтанд.
Инчунин, дар идома дар бораи иштироки ҷавонон дар маъракаи муҳими сиёсии-интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ суханронӣ карда, онҳоро ба ҳушёриву зиракӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҳизбӣ ҳидоят карданд.