БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ТОЗАГИИ МУҲИТ ҲАМА ВАЗИФАДОРЕМ!

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Муҳити зисти вилоят” маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ  доир шуд. 

Дар он сараввал раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот дода, таъкид намуд, ки дар 2,5 соли охир азъзои ҳизб ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил шуданд. Аъзои ташкилот ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии вилоят мунтазам вохӯриву суҳбатҳо доир намуда, дар баланд бардоштани маърифати экологии онҳо саҳмгузорӣ мекунад.

Дар идома масъалаи интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва интихоби вакил ба Конференсияи 21-уми шаҳрӣ муҳокима карда шуд. Масъулини ҳизбӣ иброз доштанд, ки  яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ ин беҳтар намудани муҳити зист ва экология ба ҳисоб меравад. Аъзои ташкилоти ибтидоиро лозим аст, ки ба масъалаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таваҷҷуҳи махсус бояд зоҳир созанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg