БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ АСОСИ ОСОИШТАГИСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Таълими калонсолон”-и шаҳри Кӯлоб хониши сиёсӣ ва маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ роҳандозӣ  шуд.

Зимни баргузории чорабинӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб баромад карда, иброз намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Конститутсияи худро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ дар таърихи 6-ноябри соли 1994 қабул карда,  бо мурури замон 3 маротиба  ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Халқи Тоҷикистон ин санади ҳуқуқиро асоси сулҳу субот, тинҷиву оромӣ, пешравии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, барқарории адолати иҷтимоӣ, инчунин осоиштагии мардуми тоҷик дониста, нисбати он  эҳтироми бузург дорад.

Дар рафти вохӯрӣ аз нав раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб шуда, вакил ба конференсияи навбатии ҳизб пешбарӣ гардид.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg