БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАВЗӮЪҲОИ МУҲИМ БАРРАСӢ ШУДАНД

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии “Деҳаи Сафоруд”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроия иштирок намуда, доир ба мавзӯъҳои Мафҳум ва моҳияти баргузории интихобот ҳамчун чорабинии муҳими сиёсӣ”,  ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва таъмингари сулҳу субот, амнияти кишвар, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҳадафҳои стратегии мамлакат, саҳмгузории дастаҷамъона дар корҳои созандагиву ободкорӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, бо баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ   раиси ташкилот аз нав интихоб гашта, вакилон  ба конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg