КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроия ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштанд.
Нахуст, масъулин иброз доштанд, ки ки Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз ва танзимкунандаи ҳамагуна муносибатҳои шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, барои озодии инсон ва зиндагии осудаи ҳар як шаҳрванд шароит муҳайё менамояд.
Дар баробари ин Конститутсияро муаррифгари давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ унвон дода, изҳор карданд, ки ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ, озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ муайян ва муқаррар намудааст.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва маҳфили “Ганҷи дониш”-и назди Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ порчаҳои шеърӣ ва иқтибосҳо вобаста ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат гардиданд.