ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дастгирии узви фаъоли ҲХДТ, соҳибкори маҳаллӣ Неъматзода Муборакшоҳ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МНРА”-и ноҳияи Вахш 300 метр роҳи ҳудуди маҳаллаи Мусаффо мумфарш карда шуд.
Зимни баргузории Аксияи ҳизбӣ намояндагони Қумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб суҳбат ороста, иқдоми шахсони саховатмандро саривақтӣ ҳисобиданд. Иброз доштанд, ки ҳар шахси ватандӯст бояд баҳри ободии маҳали худ саҳм гузорад.