ВОКУНИШ. Имрӯзҳо дар арафаи сафари кории Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои аврупоӣ як гурӯҳ террористону ҷинояткорони хавфнок, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор кардаву лухтаки дасти аҷнабиёнгашта, дар хориҷ паноҳ бурдаанд, бо супориши хоҷагони хеш бо баргузории пикету намоишҳои эътирозии саҳнасозишуда мехоҳанд ба барномаи сафари кории Президенти кишвар халал ворид намоянд.
Боиси зикр аст, ки Кабирии хоину пайраваконаш аз тартиботи демокративу озодиҳои кишварҳои аврупоӣ суйистифода карда дар паи ба даст овардани маблағҳои «ГРАНТИ» даст ба ҳамагуна амали зишт бар зидди давлату Ватани мо мезананд.
Фаъолияти ифротгароёнаи наҳзатиёни террорист аз он гувоҳи медиҳад, кадом дасти неруманди аҷнабие, ки дер боз дар қалб нисбати Ватани мо душманӣ меварзад пуштибониву сарпарастӣ мекунад. Маъмулан дар чунин ҳолатҳо аз душманони аҷнабӣ гиламанд шудан нашояд. Зеро давлатҳо ва миллатҳои ташаккулёфтаи воҳидгашта, дар паи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва фарохтар намудани имкониятҳои зери нуфузашон қарордошта ҷиҳати зархаридӣ ва гумошта кардани намояндаҳои бесаводу чизпарасти дигар қавму миллатҳо ҳамеша талош меварзанд. Вале вақте, ки Кабирии хоину пайраваконаш ба ивази маблағи ҳароми ночизе бар зидди миллату давлати хеш садо баланд мекунанду ба манфиатҳои миллӣ халал ворид мекунанд, барои ҳар фарди худогоҳу миллатдӯст хомуш нишастан гуноҳ ва бешарафист.
Пеш аз ҳама наздикону пайвандони хоинони бадзотро, ки дар Ватан орому осуда басар мебаранд бояд виҷдону имонашон азоб диҳаду садо баланд кунанд.
Вақте, ки ҳар қадами ба сафари хориҷ гузоштаи Пешвои миллат, ки маҳз ба манфиати миллату давлат мебошаду самараҳои манфиатбахш меораду аз ҷониби давлат тарҳрезӣ гаштааст, чигуна метавон ҳаракатҳои як гурӯҳи ҷиноятпешаи хоинонро, ки бо роҳи баргузории митингу пикетҳо ҷиҳати лағв ва ё халалдор сохтан ба барномаи сафари кории Президенти кишвар метавон ором ва бо таҳамул назора кард?
Президенти кишвар дар арсаи ҷаҳони муарифгари миллату Ватан мебошад. Таҳқир ва ё беҳурматӣ ба Президент паст задани миллату Ватан маҳсуб меёбад. Касе ҳақ надорад ба Президенти як кишвар, ки таҷассумгари симои миллионҳо одамон мебошад бе ҳурматӣ зоҳир намояд.
Ҷавонмардони боору номуси миллат ба бадхоҳону душманони Пешвои миллати хеш ҳатман ҷавоби муносибу дандоншикан медиҳанд. Ҳарчанд мавқеи сиёсӣ ва ақидаҳо бо ҳукумат хилофи ҳам бошанд ҳам ягон мухолифини солимақлу миллатдӯст ҳеҷгоҳ бар хилофи манфиатҳои миллӣ амал намекунад.
Кабирии хоину пайраваконаш чӣ дар гуфтор ва чӣ дар либоспӯшӣ ба охундҳо тақлид карда, Эронро хоҷаву падари маънавии худ хондаву аксаран худро ба оғуши хоманаиҳо мепартоянд, намебинанд, ки мухолифини ҳукумати Эрон ҳазорон бор аз шумо дида бо саводу бо такво мебошанд ба шумора низ чандин карат зиёд ҳастанд ва аз ҷабри зулми муллоҳои мансабдор фирорӣ гашта дар хориҷ паноҳ бурдаанд оё боре ҳам ба сафари давлатмардони кишвари худ дар хориҷ муқобилият нишон додаанд? Ҳаргиз на! Ин шумо ҳастед, ки нангу номуси миллӣ, ҷавонмардии тоҷиконаро хеле арзон ба қимати ночизе балки ба ивази таскини нафси ҳароми худ ба фуруш гузоштаед.
Аз бешарафии шумо як маротиб Ватан ба харобазор табдил ёфта буд ва боз мехоҳед онро ба хористон мубадал созед. Вале ҳаргиз ба ҳадафҳои нопокатон намерасед! Шумо арзонфурушони нангу номуси миллӣ ба ивази «ГРАНТ»-ҳои бебозгашт Ватану миллатро ба фуруш гузоштаед. Вале ҳаргиз фаромуш насозед, ки то даме ҷавонмардони миллат ҳаёт хастанд, он муқадасотеро, ки шумо ба савдо гузоштаед ҳаргиз ба фурӯш намеравад.
Одилҷон Маҳмадов-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш