Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

«ҶАҲОНГИРОНИ БЕ ГУРУ КАФАН ВА БЕВАТАН ДАР ДАҲР БИСЁРАНД»

 ВОКУНИШ. Воқеан ҳам қалам гоҳҳо ҳангоми тасвири бедодгариҳои бо ном одамону дар асл Иблис ва мусалмонони аҳримансиришт, ки мудом дар пайи фитнаангезӣ ва ваҳшониятанд лол мемонад. Албатта таърих гувоҳ аст, ки «Ҷаҳонгирони бе гуру кафан  дар даҳр бисёранд» аз тақдиру ҳангомаи нобасомони Чингизу Темури ланг ва Гитлер хуб огаҳӣ доранд, вале боз нияту орзую ҳаваси ҷаҳонгирӣ  ва ба сари ҳокимият омаданро дар сар доранд.

Таърих гувоҳи ҳол аст, ки дар ҳама давру замон аз мавҷудияти бани Одам то ба ин дам чунин бадхоҳону бадкешони одамсурату  дарандатабиат буданд, ҳастанд ва зери нақшаҳои таҳиянамудаи хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд амалҳои ноҷавонмардонаеро иҷро намоянд.

Мутаасифона баъзе курдилону каҷбиноне ба мисли Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони дар зери фишори хоҷагони хориҷиашон монда пешравиҳои кишвари азизамонро нодида гирифта кӯшиш менамоянд, ки ба сулҳу осоиштагии Тоҷикистони азизамон исён биёранд, тифлеро аз падар, модареро аз фарзанд ҷудо намоянд.

Ҳодисаи навбатие, ки шаби 06.11.2019 гурӯҳи мусаллаҳи  иборат аз 20 нафараи номаълуми ниқобдор, бо истифода аз силоҳи оташфишон  ба дидбонгоҳи  сарҳадии №4-и  «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди  сарҳадии «Султонобод» ҳуҷум намуданд, зимни ҳамлаи мусаллаҳона онҳо ду нафар, яке сарбози қушунҳои сарҳадӣ ва як нафар корманди Вазорати корҳои дохилиро, ки дар вақти адои хизмат буданд ба қатл расониданд. Дар муқобили ин террористон родмардони далеру муҳофизони шуҷои Ватан сахт муқобилият нишон дода. Зиёда аз 15-нафари онҳоро ба қатл расонида, 5-нафари дигарашро зинда дастгир намуданд.  Тафтишот нишон дод, ки ин амали ноҷавонмардонаро террористони ДОИШ анҷом додаанд.  

Баъди ба вуқуъ омадани ин ҳодисаи нанговар чеҳраи аслии манфури терроризм бори дигар намоёнтар гардид. Масъулияти шаҳрванди ва ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ аз ҳар тоҷику тоҷикистони талаб мекунад, ки дар муқобили чунин террористон яксаф бошему муборизаи беамон бибарем.

Аз суи дигар дар пайи сафари расмии Пешвои миллат ба кишварҳои аврупо ҳаммаслакони Муҳиддин Кабирӣ, ки имрӯз ба тенҷию амонии кишвари осуда ҳасад мебаранд, ҷиҳати камранг нишон додани пешравиҳои давлату ҳукумат ва манфи бозтоб намудани сиёсати давлат дар арсаи байналмилалӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиботҳои зиддидавлатӣ бурда истодаанд. Онҳо мехоҳанд бо чунин амалҳои разилонаю хиёнаткоронаи худ оромии Ватани азизамонро бар ҳам зананд, вале ғофил аз он ҳастанд, ки ҳеҷ бадхоҳи халқ ба мақсад намерасад ва мардуми бедордилу сулҳхоҳи тоҷик дигар намегузорад ҳар манфиатҷӯи худпараст ва курдилу нотавонбин ба мисли наҳзатиҳои лошахур ба сулҳу оромӣ ва ваҳдати комили мо мардуми Тоҷикистон халал ворид созад. Чунки миллати тоҷик бори гарони ҷанги шарвандиро дидаву то ба ҳол онро фаромӯш накардааст ва хуб ҳам дар хотир дорад, ки ҳама бадбахтиро солҳои 1991-1997 маҳз ҳамин наҳзатиҳои фитнаангез зери парчами Ислом ба миён оварданд ва ҳазорон хонаро ба коми оташ ва ҳазорон оилаҳоро бесарпаноҳ гардониданд.    

Родмардону ҷавонони  ин сарзамини биҳиштосо  бояд ҳамеша баҳри ҳимояи Ватани аҷдодӣ, зану фарзандон ва хонаву дари хеш  омодаи ҳифз ва ҷонфидои сарзамини хеш бошанд.

 

Мирзобаротзода  Салоҳиддин, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод                           

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg