Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

МО ҶАВОНОН БА ЭЪТИМОДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ САЗОВОР МЕМОНЕМ ВА БА ҲАЛҚУ ВАТАНИ АЗИЗ СОДИҚОНА ХИЗМАТ КАРДА, ҲАР АМАЛӢ ХОИНОНИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!!!

ВОКУНИШ. Мо, аъзои намояндагии ТҶҶ «СОЗАНДАГОНИ ВАТАН» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, амали ноҷавонмардонаи террористони ДОИШ-ро, ки шаби 06 ноябри соли 2019, соати 03;23 дақиқа, бо гурӯҳи мусаллаҳашон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳуҷум карданд сахт маҳкум намуда, бори дигар  ба  ҷомеаи ҷаҳони  муроҷиат  карда, мегӯем, ки Тоҷикистон  ва  халқи шарифи он дар партави сиёсати оқилона, одилона, содиқона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳомии иттиҳоду сарҷамъи ва саодату осудагии мо, ҷавонон мебошад, дар фазои  орому  осуда  ва  сулҳу  субот  фаъолияту зиндагӣ  менамоянд.  Ин иттиҳоду сарҷамъии мил лати тоҷикро ҳеҷ  қувва ва ҳеҷ  як ташкилоту  гурӯҳҳои  ифротӣ  наметавонанд,  фазои амну суботи  кишвари  моро  халалдор  намоянд.

Ҳамчунин, амалҳои иғвобарангезонаи наҳзатиёни терористро, ки дар кишварҳои аврупоӣ пекету гирдиҳамоиҳои намоиши ташкил карда, мехоҳанд Тоҷикистонро дар арсаи байналимилалӣ бадном намоянд, маҳкум мекунем Мо Ҷавонони «Созандагони ВАТАН» то ҷон  дар  бадан  доранд, бар зидди гурӯҳи иғвоангезу терористии ҳизби наҳзат муборизаи  беамон  бурда, агар зарур шавад, баҳри  ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ  ва  миллии  худ  ҷони  хешро  дареғ  намедоранд!

НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ! НЕСТ БОД ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗАТӢ ВА ДОИШ!

НАМОЯНДАГИИ  ТҶҶ  «СОЗАНДАГОНИ  ВАТАН» ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg