БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САФАРИ ТАЪРИХСОЗИ МИЛЛАТ ТАҲТИ РОҲБАРИИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲАДАТИ МИЛЛӣ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӣ РАҲМОН ДАР КИШВАРҲОИ АВРУПОӣ ИДОМА ДОРАД.

      ВОКУНИШ. Алорағми ҳама бадгўии бадхоҳони миллат сафари тақдирсози Пешвои миллат ба кишварҳои аврупоӣ дар сатҳи лозимӣ идома дорад. Новобаста аз он ки Муҳаммадиқболи Садриддин дар шабакаҳои ифротии ҳангомаҷўёна аз паша фил сохта сафарҳои кории Роҳбарияти олии мамлакатро дар кишварҳои аврупоӣ камранг нишон додан мехоҳад, хушбахтона ҳақиқати ҳол ба таъби дили мухолифони давлат набуду нест. Ҳар ҷо ки Пешвои миллат қадам мегузорад, бешак истиқболи гарму самимӣ ва суҳбатороии сарони давлатҳои аврупоӣ  дар сатҳи олӣ ҷараён дорад. Ин ҳама ҳолати воқеии вохўриҳоро метавон тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва иҷтимоӣ пайгирӣ намуд.

     Матбуоти даврӣ озод аст ва ҳар як рўзноманигор раванди таҳаввулоти ҷамъиятиро ба таври худ дар саҳифаҳои рўзномаҳои даврӣ мунташир месозад, вале  ин ба он маъно нест, ки ақидаи сиёсии як фард, дар маҷмуъ як рўзноманигор ақидаи сиёсии кулли мардуми як давлат бошад. Ва, воқеан ҳама ҳангомасозию бадгўӣ ба хотири манфиат аст на чизи дигар! Борҳо гуфтем ва бори дигар иброз медорем, ки  фарҳангу арзишҳои миллии мардуми мо аз дигар қавму миллатҳо, бахусус мардуми Амрикою Аврупо билкул фарқ мекунад ва мо ҳеҷ гоҳ ҳавасманди қабули фарҳанги ба миллат бегонаро қабул надорему дар зеҳни мо  чун Муҳаммадиқболи Садриддин ва якчанд  нафар дар нохунак аврупогарои худфаромўшсохта, ҳаваси дар Тоҷикистон сохтани Аврупои нав мавуд нест. Имрўз аз демократия гуфтану арзишҳои фарҳангу ҳуввияти  миллиро як тараф гузоштан ин хиёнат ба миллат хоҳад буд.

    Аммо ба хилофи ин ҳама миллатсозию давлатсозӣ  «шореҳи» сиёсӣ- Муҳаммадиқболи Садриддин, ки аслан  сиёсат барои ўву ҳамтоёнаш маркази тиҷорати хонаводагӣ гардидааст, дар фикри тарғиби демократияи ғарбӣ дар Тоҷикистон ва бузакбозии навбатӣ барои амалисозии ғаразҳои ғосибонаашон дар мамлакат гардидаанд. Ҳамин аст, ки аз чеҳраи манҳуси худ фаромўш сохта, режими имрўзаи давлатдории моро, ки кулли мардум дар сояи он зиндагӣ ва сулҳу оромиши комилро  ёфтаанд, «худкомаю тоталитарӣ ва нақзкунандаи муддавоми меъёрҳои демократӣ» унвон мекунанд.

    Баръакс, Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ барои мутобиқ намудани давлатдории навин ба меъёрҳои ҷаҳонӣ бо қабули қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ раванди демократикунонии ҷомеаро дар сатҳи лозимӣ роҳандозӣ ва амалӣ намуд ва ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Фаъолияти озоди ҳизбу ҳаракатҳои сиёсию ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ, ки пояи таъсиси онҳо ба рушду пешрафти кишвар дар ҳама самтҳо нигаронида шудааст, бозгўи он аст, ки дар ин масир Тоҷикистон гомҳои устувор мегузорад. Аммо шикасти ҳизби наҳзат, ки Муҳаммадиқболи Садриддин аъзои фаъоли он аст, ба фаъолияти аз нуқтаи назари қонунгузорӣ мамнуъ иртибот дошт, ки ахиран мавқеи он дар фазои сиёсии кишвар тангу аъзои сарсахту асолатбохтаи он чун рўбоҳи маккор ба ҳар гўшаю канори ҷаҳон паҳн шуданд. Имрўз бошад ин нухбагони асолатбохтаю ватанфурўш бо каме ишкамашон сер шудан давои ватансозию ватандорӣ менамоянд, ки ҳақиқат зери чашми бинои миллат бармало маълум аст.

    Дарвоқеъ, нуқтаи назари созмонҳои ҷаҳонӣ дар қиболи сиёсати имрўзаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти тавсиявӣ дорад ва ҳамагон медонанд, ки иҷрои онҳо дар пояи урф, фарҳанг ва ҳуввияти миллии давлатҳо роҳандозӣ мегардад. Ҳангома сохтан аз афкори ба ҷомеаи имрўзи мо носозгор, ки пушти он Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар назарфурўшони наҳзатӣ нишаставу ба хотири ранҷши сиёсӣ онро обу ранг медиҳанд, аз тиннати баду  мағзшўии онҳо аз ҷониби нухбагони хориҷиашон дарак медиҳад. Ба ақидаи дигар, Муҳаммадиқболи Садриддин бо якчанд тирмизаки наҳзатӣ  куҷову роҳбари як давлати мустақиле, мардуми он дар садади  эъмори давлатдории  навину мутамаддин аст,  куҷо!

   Ба ҳар сурат, баъди интишори матолиби сар то по ғаразноки аҳли дар нохунак паймони миллию наҳзатӣ ба мисли Муҳаммадиқболи Садриддин ҳеҷ шаҳрванде, ки худро зодаи ин диёри биҳиштосо меҳисобад, бетараф буда наметавонад. Ва, дар раванди сафари давлатии Пешвои миллат ба давлатҳои аврупоӣ  садо баланд кардану роҳандозии «пикетҳои осоишта»-и ин гурўҳи худкома моро водор месозад, ки дар муқобили афроди аҳримантабор ҳамеша омодаи муқовимат бошем. Зеро, ин тоифа мардум ҳеҷ гоҳ хостгори субботу амният набуданду нестанд ва чун дар роҳандозии сиёсат аз дин манфиат ба даст наоварданд ба бозиҳои сиёсии худ ибораи  арзишманди миллатро кашидан мехоҳанд.

    

    Т.Назарзода - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш. Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg