БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧОҲКАН ХУД ЗЕРИ ЧОҲ АСТ!

ВОКУНИШ. Воқеан ҳам имрӯз тамоми давлатҳои ҷаҳон Тоҷикистони азизро медонанду ба мардуми меҳандӯсту меҳанпарасташ арзиш қоиланд.

Террористони нохалафу нобакори бо ном «Давлати исломӣ» бо мақсади ваҳшат афкандан ва авзои сиёсии Тоҷикистонро ноором сохтан санаи 6-уми ноябри соли равон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод»-и ноҳияи Рӯдакӣ ҳамла карданд, аммо ин аблаҳони чоҳкан дар муқобили муҳофизони далеру шуҷои Ватан тоб наоварда худ ба зери чоҳ рафтанд.

Ҳеҷ гоҳ ин миллат ва фарзанди фарзона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  намехоҳанд, ки чунин як давлати биҳишосояшонро зери хатари бадбинону бададешон бинанд. Пешвои муаззами миллат барои Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари шинохта дар арсаи ҷаҳонӣ дидан талошҳои зиёд намудааст ва дар тамоми набардҳои сиёсӣ далерона ва ҷасурона қадамҳои устувор гузошта, давлати точиконро ба ҷаҳониён муарифи сохтанд.

Маврид ба зикр аст, ки халқи тоҷик ва дигар тоҷикистониён ба фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва фаъолияти ҲНИ, ки онро дар ҷаҳон ҳамчун ҳизбӣ террористи экстремистӣ эътироф намудаанд хело хуб шинос ҳастанд ва амалҳои онҳоро, ки мақсадашон дубора ба ҷанг кашидани Тоҷикистон ва бо баргузор намудани табаддулотӣ давлатӣ соҳиби ҳукумат шудан иборат буд, хуб дар ёд доранд. Акнун мардуми Тоҷикистон аз он фоҷиаҳои хунбор, ки ТТЭ ҲНИ ба сари халқ оварда буд, хулосаи худро баровардааст ва ҳеҷ гоҳ фирефтаи дасисаҳои ин ватанфурӯшон  намегарданд. Гузашта аз ин, халқи тоҷик таъкидҳои Пешвои миллат дар бораи ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надодан пайваста сармашқи фаъолияти худ менамоянд.

Мо намояндагони ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Балҷувон дар он назарем, ки мо пеш аз ҳама фирефтаи гуфтору амалҳои ин гурӯҳҳои мухолифин намегардем, балки ба ҳамаи гуфтору рафтори онҳо бо назари воқъбинона баҳои даркорӣ медиҳем.

Дар навбати худ мо аъзои ташкилоти мазкур аз ҳамаи ҷавонон даъват ба амал меоварем, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошем, ба оянда бо назари нек нигарему саодатмандии рӯзгору амнияти кишвари азизамонро ҳифз намуда, дар бунёдкориву созандагии Ватани худ саҳми муносиб гузорем.

Қайд кардан зарур аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳон, алалхусус Тоҷикистон ҷавононро як нерӯи созанда, ободкор ва пешбарандаи ҷомеъа меҳисобанд.Аз ин рӯ умеди миллату давлат, ки ба мо, ҷавонон аст, пайваста кӯшиш менамоем, ки мубориза бурдан бар зидди терроризму экстремизмро  шиори ҳаррӯзаи ҳар як ҷавон гардонем.

 

Муродова М, роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»                      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg