БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОЗ ЯК ҲОДИСАИ НАНГИН ВА АМАЛИ НОҶАВОНМАРДОНАИ ДУШМАНОНИ ИН САРЗАМИН САРКУБ КАРДА ШУД!

ВОКУНИШ. Осудагию пешравӣ ва дастовардҳои пай дар пайи миллати сарбаланди тоҷик бо сарвари хирадманду Пешвои ғамхори мардумпарвар дар ҳақиқат чашми душманони ин давлату Ҳукуматро кур карда, дилҳояшонро саршор аз ғубори кинаю адоват ва бераҳмию мардумозорӣ намудааст.

Шаби фоҷиабори шашуми ноябри соли 2019 марги ду родмарде, ки барои озодию осудагии мо синаҳои худро алайҳи душманони мардуди ин хоку сарзамин сипар намуда буданд,  аз хотири касоне, ки худро тоҷику Ватани маҳбубашро Тоҷикистон,  ва ҳимояи марзу буму обу хок ин сарзаминро муқаддас, ҳифзи ҳар порчаи заминашро қарз мешуморад, фаромўш намешаваду то абад қиссаи шуҷоату ҷонбозиҳояшон дар саросари забони пиру ҷавон ва ёдашон дар дили ҳар фарди ватандўст нақш хоҳад баст.

Офарин, Офарин ба шуҷоату мардонагии аскарону афсарони мо, ки баҳри озодию ободӣ, амну осоиштагии Ватани азизи ҳар яки мо дар вақту соати тақдирсоз  аз ҷони худ ва аз фикри он, ки баъди сари онҳо ҳоли хонаводаю наздиконашон чи мешавад гузашта, алайҳи душмани маккоре, ки дар дили шаб мехоҳанд зиндагии моро ба ҷаҳаннам табдил диҳанд сина сипар намуда, меҷанганду бо ин амали худ дар дили душманони ин миллату ин сарзамин рахна эҷод мекунанд. Шуҷоате, ки он шаб ҳомиёни Ватан ва ҷасурону рустамтаборони мо бар зидди даҳашатафканон нишон доданд бешак бори бузурги ноумедиро дар дили хоҷагону фармонравоёнашон андохтанду барояшон исбот намуданд, ки то замоне чунин фидокорони ватандўст ин сарзаминро ҳимоя мекунанд ҳаргиз онҳо мақсадҳои манфурашонро дар ин кишвар ҷори карда наметавонанд.

Онҳое, ки дар роҳи Ватан кушта мешаванд шаҳиданд ва шаҳидон ҳаргиз намемиранд, чунки ҳамеша мояи ибрат ва ифтихори насл ба насли мардуми хеш ҳастанд. Хуни фидокорони Ватан беҳуда рехта нашудаасту мисли нур дар умқи зулмот ва рўз дар поёнии шаб мемонад, ки бо пайдо шуданаш торикиро нобуд ва рўшноиро ҳоким мегардонад.

Фоҷиаи шаби шашуми моҳи равон бори дигар исбот намуд, ки мақсади ҳаросафканони ДИИШ –и бе дину оин танҳо ҷори намудани тарсу ваҳм ва бесарусомонии сартосарӣ буда, бо ин восита амалӣ намудани мақсаду мароми хоҷагони худ мебошад.

Мутаассифона пайравони гурўҳҳои тундрав силоҳи асосии худ дини мубини Исломро қарор дода, дар доми фиреби худ ҷавонони бехабар аз дониши динӣ ва хурофотгароёнро бисёртар ҷалб намуда, онҳоро барои мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд.

Мо шаҳрвандони Тоҷикистон фарзандонамонро бояд дар рўҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ тарбия намуда, барои сафарбар намуданашон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва адои қарзи ватандорӣ тайёр намоем, то дар чунин рўзҳои душвор сарҳади муқаддаси моро ҳимоя намоянд.

Набояд фаромўш кард, ки дар вазъияти сиёсии замони имрўза мо шаҳрвандонро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳимояи сохти конститутсионии кишвар якдилу якҷон бошему барои душманони ин сарзамин мояи тарсу ҳарос, то, ки ҳеҷ адуе ҷуръати рахнасохтани марзу бум ва ваҳдати мардуми моро дар худ пайдо карда натавонад.

 

Гадоӣ Сайдалиев, Ҷамшед  Самизода,                 

кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg