БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАДҲОИ НОПОКИ ТЕРОРИСТОН АМАЛӢ НАГАРДИД!

ВОКУНИШ. Замони муосир баъзе аз мамолики Шарқи наздик, Араб ва Осиёро ба гирдоби фалокатбори террориззм тасаввурнопазир мувоҷеҳ сохтааст. Вазъи бе ин ҳам печидаи муташанниҷи ҷаҳонӣ имрўз бо  оташафрўзии ҷангҳои динию мазҳабӣ печидатар гардид.             

Солҳои охир дар фазои сиёсии сайёра гурўҳҳои ифротие, рўи саҳна омада истодаанд, ки бо амалҳои зишт ва террору куштори худ ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардаанд ва ба амнияти қариб тамоми мамлакатҳои рўи дунё таҳдид намуда истодаанд.

Дар мамлакати мо низ аз рўзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву нерӯҳои бадхоҳи хориҷӣ қарор гирифта, ватанамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва мухолифати мусаллаҳона кашида, то ҳоли ҳозир ба сулҳи пойдорӣ ва ваҳдати ягонаи мардуми Тоҷикистон монеа эҷод намуда истодаанд.

Боиси тазаккур аст, ки баъзе ҷавонони мо низ аз ноогаҳиву гумроҳи бо роҳҳои гуногун ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ шуда, ҷони худро дар хатар мегузоранд ва ба куштору ғорат ва дигар кирдорҳои ғайриинсонӣ даст  мезананд.

Имрўз ҳар як фарди худогоҳи кишвари мо, алалхусус ҷавононро  зарур аст, ки саъю кўшиши хешро дар роҳи мубориза бар зидди чунин гурӯҳҳои террористӣ тақвият дода, ҷиҳати хотима бахшидан ба ин муноқишаҳои фоҷиабор равона намоянд. 

Бадбахтона, ҳамаи ин бозиҳо аз ҷониби кишварҳои манфиатдор бо дасти гурӯҳу созмонҳои экстремистӣ - террористӣ амалӣ карда мешаванд, ки зери парчаму шиорҳои алоқаманд бо дини мубини Ислом фаъолият доранд. Мо ҳеҷ гоҳ фаромўш намекунем, ки моро ба майдони ҷангу ҷидолу хунрезӣ кадом қувваҳо кашида буданд. Ҳамин қувваҳо боз талош ба харҷ дода истодаанд, ки офтоби сулҳу ваҳдати моро боз зери абрҳои сиёҳ ниҳон созанд.

Чунин амалҳои ноҷавонмардона боиси он гашт, ки  санаи 6 ноябри  соли 2019 аъзоёни ДИИШ бо мақсади амалӣ намудани нақшаҳои тарҳрезинамудаи худ, бо мақсадҳои ғаразнок гурӯҳи силоҳбадасти ниқобпӯш  дар ҳудуди ноҳияи Рўдакӣ ҳамлаи мусаллаҳона анҷом доданд, ки дар натиҷа ду нафар шермардони шуҷои Ватан  ҷони худро аз даст доданд.

Аз ин рў, мо ҷавонони Тоҷикистон аз аҳли ҷомеа бахусус ҷавонон даъват ба амал меорем, ки насли наврасро дар рӯҳияи арзишҳои миллӣ, суннатҳои ниёгон ва гиромидошти марзу бум тарбия намоем. Бояд, қайд кард, ки мо ҷавонон ҳар амали некро, ки ба шукронаи Истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову Шумо каси дигар обод намекунад.                                    

 

                                                  

 Хайруллозода Баҳодур, мутахассиси шуъбаи ташкили

 ва баҳисобгирии омори КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg