БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАРЗИШ ОМИЛИ СОЛИМИСТ, МО ҶОНИБДОРИ ВАРЗИШЕМ!

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Варзишгарон»-и ноҳияи Ш. Шоҳин бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон   хониши сиёсӣ доир карда  шуд.

Дар баробари баргузории хониши сиёсӣ, инчунин  конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоӣ баргузор гашт.

Раиси ташкилоти ибтидоӣ аз фаъолияти 2,5 солаи ташкилот ҳисобот дода, аъзоро барои  аз ин ҳам беш саҳм гузоштан дар рушду нумӯи кишвари азизамон даъват кард.

Сипас, дар навбати худ масъулини ҳизбӣ  ба музокира баромада, дар бораи масъалаҳои мубрами рўз, аз ҷумла  фаъолияти бомароми соҳаи варзиш ва саҳми варзишгарон  дар обрӯ  ва нуфузи кишвар  суханронӣ  намуданд.

Дар охир бо дастгирии ҷамъомадагон раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб шуда,  вакил ба  Конференсияи 13-уми ноҳиявӣ    пешбарӣ гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg