Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

МО МЕТАВОНЕМ!

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Телеком-Почта”-и ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ доир гардид  ва  дар он намояндагони ҳизбӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Зимнан дар баромади масъулин самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», адо намудани қарзи фарзандии ҷавонон - хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ, омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода-интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар қисмати Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур ба шахси маъюб  кумаки молиявӣ расонида шуд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg