БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТОВАРДИ МО АЗ МУТАҲИДИСТ

ҶайҲун: Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Хирманҷо»-и ноҳияи Ҷайҳун вобаста  ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҳизб  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимнан дар рафти чорабинӣ масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки бо кӯшишу талошҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳ дар мамлакат таъмин гардид ва он имкон дод, ки пояҳои давлату давлатдории миллии Тоҷикистон мустаҳкам гардида, буҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ паси сар шавад. Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои тамаддуни бузург ва фарҳанги беназири қадима эътироф гардид. Иқтисод ва сиёсати миллӣ дар кӯтоҳтарин фурсат ба эътидол омада, Тоҷикистон дар ҳама бахшҳо роҳи нави тараққиётро пеш гирифт.

Дар идома интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва пешбарии вакил ба Конференсияи ноҳиявӣ баррасӣ карда шуда,  бо овоздиҳии якдилонаи аъзои ташкилот раиси ташкилоти ибтидоӣ, ҳамзамон вакил аз ташкилоти мазкур ба конференсияи  ноҳиявӣ интихоб карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg