Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ КИШВАР АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар  ташкилоти  ибтидоии  Ҷамоати  деҳоти “Фирӯза”-и ноҳияи Носири Хусрав хониши  сиёсӣ  бахшида  ба  25-солагии   қабули  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баргузор  гардид.

Дар  баргузории  хониши  сиёсӣ  кормандони  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи Носири Хусрав   қайд  карданд, ки  бо  назардошти  он, ки  тӯли  беш  аз  ҳазор  сол  дар  ҳолати  бедавлатӣ  қарор  доштем, инчунин   як  қисмати  таърихии  на  чандон  дурамон  дар  доираи низоми  давлатдории  умумишӯравӣ  ҷараён  гирифта  буд, ҷашнгирии   25 -солагии  Конститутсия  барои  мо  ҳамчун  шаклгирии  давлатдории  миллӣ ва  таҳкими  амнияту суботи  сиёсиву  иҷтимоии  ҷумҳурии  азизамон - Тоҷикистон аҳамият  ва шукӯҳи   хоса  дорад. Халқи  Тоҷикистонро  бахту  саодати  бузурге насиб  шудааст, ки  соҳиби  чунин  Конститутсияи   аз  ҳама  ҷиҳат мукаммал мебошад. Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дастоварди  бузурги  мардуми  Тоҷикистон  буда, заминаи  ҳуқуқии  бунёди  давлати  тозабунёд ва соҳибистиқлоли  тоҷикон, шакли  ифодаи  ҳуқукии ормонҳои  давлатдории  миллӣ, соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии  Тоҷикистон  эълон  шудааст.  

Дар охир оид ба ҳадафҳои олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он суҳбату муколама сурат гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg