Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

МО ДАР ЯКҶОЯГӢ БУНЁД МЕКУНЕМ!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии  деҳаи  “Ваҳдат”-и  Ҷамоати  деҳоти  Фирӯзаи  ноҳияи  Носири  Хусрав  оид  ба  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҳизб хониши  сиёсӣ  баргузор  гардид.

Масъулин   оид  ба  сиёсати  хирадмандонаю  созандаи  Пешвои  миллат, омодагиҳо  ба  маъракаи  муҳими  сиёсӣ- интихоботи  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва   маҷлисҳои маҳаллии  вакилони  халқ,  инчунин истиқболи  сазовор бахшида  ба  30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  сухан гуфта,  таъкид  намуданд, ки  ободонии  маҳаламон  дар  дасти  худи  мост.  Ҳар  як  сокини  деҳаро  бо  масъулияти  баланди  ватандорӣ  барои  ободонию  беҳтар намудани  шароити  зиндагӣ кӯшиш  ба  харҷ  доданаш  зарур  аст. 

Дар доираи   Аксияи  ҳизбии  “Якҷоя  ҳал  мекунем!” сокинон  дастаҷаъмона сохтмони  бунгоҳи  тиббиро ба  анҷом  расонида, мавриди  истифодабарӣ қарор  доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg