БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ КАФИЛИ АДОЛАТ АСТ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии њизбии «Сабзазор»-и ноҳияи Хуросон вохӯрӣ баргузор гардид.  Масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  оид ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон суханронӣ карда ќайд намуд, ки  ин њуљчати таърихї  Истиќлолияти давлатии тољиконро ба расмият дароварда, асосњои сиёсиву њуќуќї ва самтњои асосии пешрафту инкишофи давлату љомеаро ба воситањои меъёрњои њуќуќї муайян сохт.Ҳамчунин дар идома гуфта шуд, ки дар дебочаи Конститутсия қайд шудааст: "Мо, халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дустии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ". Иброз  доштанд, ки баҳри амалӣ гардидани ин гуфтаҳо ҳамеша кӯшиш ба харҷ дода онро асоси фаъолияти кории худ ва омӯзиши ҳамешагии насли наврасу ҷавон қарор медињем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg