Ш.Шоҳин. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи марказӣ»-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.
Масъулони чорабинӣ дар бораи самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ ва саҳми ҳизбиён дар рушду нумӯи кишвари азизамон, баргузории Конференсияи 13-уми ҲХДТ, омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода маърӯза карданд.
Дар идома солимии ҷомеъа, пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ баррасӣ шуданд.