ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дашти қавақ”-и ноҳияи Ховалинг бо иштироки корманди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Масъулон дар баромади худ ба иштирокдорон дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва санади арзишманди кишвар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд.
Дар баромад масъулин дар бораи яке аз ҳадафҳои асосии давлату ҳукумат–расидан ба истиклолияти комили энергетикӣ ҳарф зада, ба ҳозирин зарурат ва аҳамияти сарфаҷӯёна истифода намудани қувваи барқро таъкид сохтанд.
Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва дигар иштирокдорон аз доир намудани хониши сиёсӣ дар мавзӯи муҳими рӯз изҳори миннатдори намуданд.
Дар роҳандозии Аксияи хизбии “Якҷоя хал мекунем” аъзои ташкилот ба шахси эҳтиёҷманд Шариф Саидов ба маблағи муайян кумаки пулӣ расониданд.