Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

МАҚСАД ОБОДИИ МАҲАЛ АСТ!

  ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №29-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти  ибтидоии ҳизбии “Иқбол” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи Иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ баргузор гардид.

Иштирокчиёни маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Иқболро    шунида, онро каноатбахш арзёбӣ карданд.

Роҳбарияти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур оид ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки мақсади асоси ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба хотири боз ҳам обод кардани сатҳи маҳал мебошад, сухан гуфтанд. Дар идома  рушди соҳаи маориф ба хусус бунёди муассисаҳои таълимӣ   низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ раиси ташкилоти  ибтидоии ҳизбӣ аз нав таъин гардида, вакил ба конференсияи ноҳиявӣ  пешбарӣ  шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg