БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ ҲАЁТИ СОЛИМ АЗ ҲАДАФҲОИ АСОСИИ ҲХДТ МЕБОШАД

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар маҷлисгоҳи беморхонаи марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоии “Беморхонаи марказӣ” ва “Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ” бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  баргузор гардид.

Раисони ташкилотҳои ибтидоии “ Беморхонаи марказӣ” ва “КАТС” дар назди ҳозирин оид ба фаъолияти ташкилотҳо дар давраи ҳисоботӣ маълумот доданд. Аъзо  якдилона раисони ташкилотҳои ибтидоиро интихоб карда, ба конференсияи ноҳиявӣ вакилон пешбарӣ гардиданд. Дар кори маҷлис масъулини ҳизбии ноҳия  оид ба  сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қайд карданд, ки дар давоми се соли оянда дар мамлакат беш аз 560 беморхонаю марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешаванд.

Зикр шуд, ки баҳри ислоҳи камбудиҳое, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат таъкид гаштанд, масъулини соҳаи тибро мебояд, ки корро дар самти ислоҳнамоии камбудиҳои ҷойдошта ҷиддӣ ба роҳ монанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg