БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТ БАҚОИ ДАВЛАТ АСТ!

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Зери ҳамин мафҳум дирӯз  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Ваҳдати миллӣ»-и деҳаи Куҳандиёри Ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияяи Фархор мулоқот доир намуданд.

Масъулин зимни суханронӣ иброз доштанд, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷумҳурии мо низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Вале, мутаасифона, мо- тоҷикон, ки дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ қарор доштем, дар аввал натавонистем, ки неъмати бузурги Истиқлолро ба манфиати халқу давлати худ босамар истифода барем.

Воқеаҳои мудҳише, ки солҳои 90-уми асри XX ба сари мардуми мо омад, барои миллати ҷафодидаи мо, ки аз имтиҳонҳои бузурги таърихӣ гузаштааст, боз як имтиҳони ҷиддиеро дар пеш гузошт.  

Дар он рӯзҳои барои миллат пурдаҳшат қариб, ки ба ояндаи нек боварии касе намонда буд. Хушбахтона, дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва барӯманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад ва дар назди халқу миллат бо дили пур ваъда доданд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам!» ва ба иқболи баланди халқи мутамаддини мо ҳамин хел ҳам шуд.

Кӯшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати бофарҳангу тамаддунсози мо, ки парешону сарсон шуда буд, сарҷамъ шуд. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуд. Миллат ба ваҳдат омад. Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургест, ки решаҳои таърихӣ дорад. Дар ҳар давру замон фарзандони бузурги миллат онро пойдор нигоҳ дошта, қимату бузургии онро афзун гардонидаанд. Дар замони Каёниён Ҷамшед, дар замони Сомониён Исмоили Сомонӣ чунин ашхосе буданд, ки Ваҳдатро пойдору барқарор нигаҳ доштанд.Дар замони мо чунин бахти бузург насиби фарзанди бузурги миллат Эмомалӣ Раҳмон гашт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg