ФАРХОР.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷамоати деҳоти Ғайрат»-и ноҳияи Фархор бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.
Масъулон зимни баромад ҳозиринро ба 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, атрофи дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар сухан гуфтанд. Дар чорабинӣ воқеаи субҳи 06.11.2019-ро, ки гурӯҳи мусаллаҳи ниқобпӯш ба дидбонгоҳи №4-и Ишқободи отряди сарҳадии қисми ҳарбии Султонобод ҳуҷум карданд ёдовар шуда, аз ҷониби иштирокдорони ҷамъомад ин амали нангин маҳкум карда шуд.