Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАВОДИ ОЗУҚА ДАР МАДДИ АВВАЛ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Бойторӣ» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ҷамъомад доир гардид.   Дар рафти он ҳисоботи 2,5 солаи раиси ташкилоти ибтидоӣ шунида шуда, раиси ташкилот аз нав таъйин ва вакилон ба Конференсияи 21-уми ҳизбӣ пешбарӣ гардиданд.

Масъулин дар суҳбат  вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва саҳми босазо гузоштани ҳар аъзои он дар рушду ободонии мамлакат ва ҳамчунин атрофи мавзўъҳои мубрами рўз сухан гуфтанд.

Инчунин, дар идома гуфта шуд, ки баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ки аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад ҳамеша зери таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор дорад.

Таъмини бехатарии маводи озуқа, пешгирии воридшавии маҳсулоти гўштию ширии пастсифат ва зарарнок аз вазифаҳои асосии кормандони ташкилоти мазкур ба шумор рафта, бояд мунсифона иҷро шавад-хулоса гардид дар ҷамъомад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg