КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Дилбар» -и Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки намояндагони ҳизбӣ доир гашт.
Чанде қабл сокинон, дар вохӯрӣ бо намояндагони ноҳиявии ҳизб вобаста ба кумак расонидан дар сохтмони синфхонаи иловагии назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ваъда дода буданд. Инак, дар доираи Аксияи мазкур якқатор масолеҳи сохтмонӣ ба маблағи 8 ҳазору 246 сомонӣ барои идома додани сохтмони синфхонаи иловагӣ аз ҷониби сонҳо кӯмак расонида шуд.
Дар идома байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбӣ оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсӣ суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.