КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бахшида ба 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Бобиободи Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён, филиали мактаби миёнаи умумии №60 барои 60 нафар хонандагони синфҳои ибтидоӣ, бо иштироки Вализода Икромиддин Сироҷидин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия, фаъолони ҳизб ва сокинони деҳа дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд.
Бинои мазкур бо дастгирии шуъбаи маориф, намозгузорони масҷидҳои ноҳия, шахсони саховатпеша ва сокинони деҳа сохта ба истифода дода шуд.
Дар чорабинӣ мазкур роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок дошта, дар бораи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, аз ҷумла пешрафту ободкориҳо сухан гуфта, аз ҳамагон барои дастгирии аксияи ҳизбӣ изҳори миннатдорӣ баён карданд.