БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ ҲХДТ БА ЗИНДАГИИ ШОИСТА НОИЛ ШУДАНИ МАРДУМ АСТ

Қубодиён.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми № 9-и ноҳияи Қубодиён маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Чорбоғ” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ баргузор гардид. Раиси ташкилоти ибтидоии “Чорбоғ” оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ маълумот дод. Чорабиниҳои ҳизбие, ки дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо иштироки аъзо ва фаъолони ҳизб баргузор гардиданд, хотирмону ҳадафрас буданд, зикр дошт раиси ташкилот.

Иштирокдорони маҷлис якдилона раиси ташкилоти ибтидоиро интихоб ва вакилро ба конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ карданд.

Дар идома муовини раиси КИ ноҳиявии ҲХДТ   оид ба рушд бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон суханронӣ кард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg