БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҲАМЕША ЗИДДИ АМАЛҲОИ ИФРОТИЕМ!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Лоларух”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара   иштирок намуда, доир ба мафҳум ва моҳияти баргузории интихобот ҳамчун чорабинии муҳими сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона ва ифротӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, худкӯшиву худсӯзӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ аз қабили ВНМО ва БПНМ, омодагии аҳолӣ ба зимистони дар пеш истода, саҳмгузории дастаҷамъона дар корҳои созандагиву ободкорӣ дар доираи аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ карданд.

Ҳамзамон,  интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва пешбарии вакилон ба конференсияи ноҳиявӣ баррасӣ шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg