БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ БАХТНОМАИ МИЛЛАТ АСТ!

Данғара. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.   Дар ташкилоти ибтидоии “Деҳаи Гулсимо”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар  чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Данғара   иштирок карда, атрофи моҳияти суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 25- солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши таърихӣ ва умумиҷаҳонии Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат, мафҳум ва моҳияти баргузории интихобот ҳамчун чорабинии муҳими сиёсӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона ва ифротӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, худкушиву худсӯзӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ аз қабили ВНМО ва БПНМ суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон  дар идома раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб шуда,   вакилон ба Конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg